Красноярск ба ивази хушкмева ба Тоҷикистон чӯбу тахта медиҳад

Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо тоҷирони кишвари Красноярски Русия – директори ҶДММ «Стройкомплект» Алесанд Гуляков ва директори генералии фирмаи «СУФУДЭ» Владимир Суфудэ мулоқот орост. Тавре аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили ташкили воридоти масолеҳи чӯбу тахта аз кишвари Красноярск ба Тоҷикистон ва […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо тоҷирони кишвари Красноярски Русия – директори ҶДММ «Стройкомплект» Алесанд Гуляков ва директори генералии фирмаи «СУФУДЭ» Владимир Суфудэ мулоқот орост.

Тавре аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили ташкили воридоти масолеҳи чӯбу тахта аз кишвари Красноярск ба Тоҷикистон ва содироти хушкмева аз Тоҷикистон ба Красноярск мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шариф Саид таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои интиқоли маҳсулоти Русия ба Афғонистон метавонад ба сифати кишвари транзитӣ амал кунад.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот оид ба табодули маълумоти тиҷоратӣ ва ифтитоҳи Марказҳои савдои тарафайн дар Душанбеву Красноярск табодули афкор сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд