Ҳалокати се нафар бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёти рӯзи 23-юми май дар Тоҷикистон се нафар ҳалок ва 6 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи аввал дар километри 27-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа рух дод. Ронандаи 22-солаи автомашинаи «Мерседес-Бенс» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду роҳгузарро бо мошин пахш кардааст, […]

Виктория Наумова


Бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёти рӯзи 23-юми май дар Тоҷикистон се нафар ҳалок ва 6 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи аввал дар километри 27-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа рух дод. Ронандаи 22-солаи автомашинаи «Мерседес-Бенс» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду роҳгузарро бо мошин пахш кардааст, ки дар натиҷа зани 66-сола ва навраси 11-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи дигар дар километри 130-юми роҳи автомобилгарди Рашт-Ҷиргатол ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин ҷо низ ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири 6-сола ҳалок ва ронандаву боз панҷ мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд