Вохӯрии пешвои ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ бо сиёсатмадорони ҷавони Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов бо сиёсатмадорони ҷавони вилояти Суғд мулоқот анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲХДТ хабар доданд, зимни мулоқот ба ҳозирин вазифа ва ҳадафҳои ҷиноҳи ҷавонони ҳизб ва қоидаҳои қабул ба сафи ин ташкилот шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Сиёсатмадорони […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Хуҷанд раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов бо сиёсатмадорони ҷавони вилояти Суғд мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲХДТ хабар доданд, зимни мулоқот ба ҳозирин вазифа ва ҳадафҳои ҷиноҳи ҷавонони ҳизб ва қоидаҳои қабул ба сафи ин ташкилот шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Сиёсатмадорони ҷавон ба саволҳои худ оид ба мавқеи ташкилоти «Созандагони Ватан» дар раванди рӯйдодҳои кишвар ва минтақа посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.