Вохӯрии ташкилотҳои ҷомеаи Шаҳрвандии ОМ оид ба ташаккули шабакаи ТҒҲ

Аз 25 то 29 маи соли 2012 дар вилояти Суғди  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази таълимии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон вохӯрии ташкилотҳои Ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ оиди ташкили шабакаи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ баргузор мегардад.   Мақсади асосии чорабинӣ – ин ба роҳ мондани механизми фаъолиятҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамкории созанда бо сохторҳои […]

ASIA-Plus


Аз 25 то 29 маи соли 2012 дар вилояти Суғди  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази таълимии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон вохӯрии ташкилотҳои Ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ оиди ташкили шабакаи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ баргузор мегардад.

 

Мақсади асосии чорабинӣ – ин ба роҳ мондани механизми фаъолиятҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамкории созанда бо сохторҳои ҳукуматӣ барои баландбардории нумӯъ/потенсиали саноати коркарди озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ ва инчунин  тақвият додани ҳамкории минтақавӣ, муҳити боварӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар кор оиди ташкили шабака ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон) ширкат меварзанд. Айни замон  ибтикори ташкили шабака аз тарафи 11 ташкилотҳои ғайриҳукуматии минтақа дастгирӣ гардидааст.

Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ғайриҳукуматии австриягии Hilfswerk Austria International дар ҳамкории зич бо ҳамкорон аз Осиёи Марказӣ ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ-Инвест II барпо мегардад.

Лоиҳаи мазкур барои пешбарии ҳамкории Осиёи Марказӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.