Анҷоми муваффақонаи боз як лоиҳаи Ҷопон дар соҳаи тандурустӣ

«Лоиҳаи Барқароркунии шӯъбаи тавлиди беморхонаи Марказии шаҳри Панҷакент» бо маблағи умумӣ 106.314 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ гашта буд, муваффақона ба итмом расид. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 23 майи соли 2012 ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон […]

ASIA-Plus


«Лоиҳаи Барқароркунии шӯъбаи тавлиди беморхонаи Марказии шаҳри Панҷакент» бо маблағи умумӣ 106.314 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ гашта буд, муваффақона ба итмом расид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 23 майи соли 2012 ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар  Тоҷикистон ва ҷаноби Бобоҷон Домуллоев, ҷонишини якуми раиси шаҳри Панҷакент дар маросими анҷоми ифтитоҳи лоиҳа дар назди шӯъбаи тавлиди беморхонаи Марказии шаҳри Панҷакент иштирок карданд.

Ба воситаи лоиҳаи мазкур тирезаҳои пластикӣ, хатҳои дохилии барқӣ ва обтаъминкунӣ иваз гашта, ду бинои шӯъбаи тавлид дар маҷмуъ 1876 метри мураббаъ таъмир шуд. Зиёда аз 4600 модар ва тифлони навзод ба ҳолати гигиенӣ дастрас мешаванд. Дар назар аст, ки лоиҳа сатҳи фавти модаронро дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд коҳиш медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.