Нашри Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон барои нобиноён

Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» дар ҳамдастӣ бо Шӯъбаи ташкилоти байнулмилалии Иниститути «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои нобиноён Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро бо ҳуруфи Брайл ба чоп расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамъияти «Имконият» Асадулло Зикрихудоев хабар дод, Конвенсия бо теъдоди 375 нусха – 250 нусха бо забони русӣ ва […]

Наргис Ҳамробоева


Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» дар ҳамдастӣ бо Шӯъбаи ташкилоти байнулмилалии Иниститути «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои нобиноён Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро бо ҳуруфи Брайл ба чоп расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамъияти «Имконият» Асадулло Зикрихудоев хабар дод, Конвенсия бо теъдоди 375 нусха – 250 нусха бо забони русӣ ва 125 нусха бо забони тоҷикӣ нашр шудааст.

«Конвенсия миёни нобиноён тақсим карда мешавад, то ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ ва асноди ҳуқуқии байнулмилалӣ дар ин соҳа ва иҷрои талаботи он аз ҷониби давлат огаҳ гарданд. Чанд нусха аз Конвенсияи нашршуда ба шӯъбаи махсуси кор бо шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ супурда мешавад», – гуфт ӯ.

Номбурда изҳор кард, ки Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон барои нобиноён дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Ташаббусҳо» ба нашр расида, ки баҳри аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон равона гардидааст. Дар давраи татбиқи лоиҳа барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти маъюбон як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Бино ба маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд.

Тоҷикистон то ҳанӯз Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро қабул накардааст. Айни замон Конвенсияи мазкур аз ҷониби 153 кишвари ҷаҳон ба имзо расида, 109 давлат онро тасдиқ намудаанд. Протоколи факултативӣ ба онро 90 кишвари дунё ба тасвиб расониданд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.