Иштироки 20 ширкати хориҷӣ дар татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»

Семоҳаи аввали соли равон дар амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» 20 ширкати хориҷӣ иширок карданд. Ба сохтмони иншооти мазкур 14 ташкилоти паймонкор аз Русия, 4 ширкат аз Украина, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҳамчунин ширкати «Geokon Inc» ҷалб гардиданд. Бино ба маълумоти ҶСК «НБО Роғун», дар ин давра ширкатҳои хориҷӣ асосан ба таъминоти нерӯгоҳ бо […]

Пайрав Чоршанбиев


Семоҳаи аввали соли равон дар амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» 20 ширкати хориҷӣ иширок карданд. Ба сохтмони иншооти мазкур 14 ташкилоти паймонкор аз Русия, 4 ширкат аз Украина, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҳамчунин ширкати «Geokon Inc» ҷалб гардиданд.

Бино ба маълумоти ҶСК «НБО Роғун», дар ин давра ширкатҳои хориҷӣ асосан ба таъминоти нерӯгоҳ бо таҷҳизот ва ширкатҳои Русияву Украина ҳамчунин ба баргузории корҳои лоиҳавӣ-ҷустуҷӯйӣ ва пешниҳоди хизматгузории муҳандисӣ машғул будаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон маблағи умумии воситаҳои барои сохтмони иншоот ҷалбшуда ҳудуди 282 млн. сомониро ташкил додааст.

Аз оғози корҳои барқароркунӣ тӯли солҳои 2007-2010 аз буҷети давлатӣ ба сохтмони иншоои мазкур беш аз 1 млрд. 325 млн. сомонӣ маблағ равона гардидааст. Соли 2011 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳудуди 813 млн. сомонӣ ва дар семоҳаи аввали соли равон наздик ба 245 млн. сомониро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2010 нашр ва ҷойгиркунии саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ-и Роғун» амалӣ гардид. Ба аввали моҳи апрели соли равон аз ҳисоби фурӯши саҳмия ва сертификатҳо ба суратҳисоби ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун» дар Маркази хазинадории Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 805 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Аз ҳисоби ин маблағҳо шурӯъ аз соли 2010 ба сохтмони иншоот зиёда аз 202 млн. сомонӣ маблағ равона гардид.Ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳо ба сифати кӯмак тақрибан 28,8 млн. сомонӣ ва фоизҳо барои суратҳисобҳои депозитӣ 28,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд. Арзиши умумии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳаҷми 2,2 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.