Кӯмаки «Хабарнигорони бидуни марз» ба журналисти ТВ «Сафина»

Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ба журналисти телевизиони «Сафина», ки мавриди лату кӯби шахсони номаълум қарор гирифта буд, дар ҳаҷми 300 доллари ИМА кӯмак кард. Дар ин бора аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми май раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев маблағи зикршударо ба журналист супурдааст. «Ташкилоти […]

Наргис Ҳамробоева


Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ба журналисти телевизиони «Сафина», ки мавриди лату кӯби шахсони номаълум қарор гирифта буд, дар ҳаҷми 300 доллари ИМА кӯмак кард. Дар ин бора аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми май раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев маблағи зикршударо ба журналист супурдааст.

«Ташкилоти мо баҳри расонидани кӯмаки моддиву маънавӣ ба Далер Шарифов, ки барои изҳори мавқеи шаҳрвандӣ ва фаъолияти касбӣ осеб дид, ба созмони «Хабарнигорони бидуни марз» муроҷиат намуд ва ин кӯмак гувоҳи ҳамраъйии онҳост», – гуфт Қаршибоев.

Ба қавли номбурда, далер Шарифов аз АМВАОМТ ва шарикони он барои дастгириву кӯмак изҳори миннатдорӣ намуда, гуфтааст, сарфи назар аз таҳдиду саддгузориҳо, минбаъд низ фаъолияти густардаи журналистии худро идома дода, нияти аз роҳи интихобкарда баргаштанро надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.