Ҳалокати духтари 12-сола аз газидани саги дайду

Бар асари газидани саг як сокини ноҳияи Вахш, духтари 12-сола ба ҳалокат расид. Тавре аз идораи санитариву эпидемиологии вилояти Хатлон хабар доданд, саги дайду ба духтар дар назди хонаашон дарафтодааст, вале падару модари ӯ саривақт ба табибон муроҷиат накарда, духтар пас дуним моҳ фавтидааст. Ҳамин саг боз як нафари дигарро газида, сипас аз ӯ панҷ […]

Сайраҳмон Назриев


Бар асари газидани саг як сокини ноҳияи Вахш, духтари 12-сола ба ҳалокат расид.

Тавре аз идораи санитариву эпидемиологии вилояти Хатлон хабар доданд, саги дайду ба духтар дар назди хонаашон дарафтодааст, вале падару модари ӯ саривақт ба табибон муроҷиат накарда, духтар пас дуним моҳ фавтидааст.

Ҳамин саг боз як нафари дигарро газида, сипас аз ӯ панҷ нафари дигар сироят ёфтаанд. Айни замон ин нафарон таҳти табобати пизишкон қарор дошта, раиси ноҳияи Вахш баҳри табобати онҳо 3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.

Зикр гардид, ки феълан дар тамоми ҷамоатҳо гурӯҳҳои боздошт ва нобуд кардани сагҳои дайдуе, ки барои ҳаёти одамон хатарноканд, ташкил гардидаанд.

Прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷон Юсуфзода мегӯяд, мақомоти прокуратура оид ба далели марги духтар ва чораҳои нобуд кардани сагҳои дайдуи гирифтор ба бемории ҳорӣ (девонагӣ) санҷиш мегузаронанд.

Бино ба маълумоти идораи санитариву эпидемиологии вилояти Хатлон, соли равон ин аввалин ҳодисаи марги шахс аз газидани саг аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.