Санҷиши ронандагони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт

Date:


Мақомоти милисаи пойтахт таҳти сарварии сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков ҷиҳати ошкор сохтани воситаҳои нақлиётие, ки ғайриқонунӣ ба ҳамлу нақли мусофирон машғуланд, рейди махсус мегузаронад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Душанбе, масъули бахши нақлиёти пойтахт Абдулҳақ Оев хабар дод, ронандагоне, ки ба қоидаҳои мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт риоя намекунанд, ба ҷавогарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

«Мо ба ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ки ба талабот ҷавобгӯянд, гирифтани иҷозатномаи дахлдор ва рақамҳои зарди силсилаи «ТТ» барои чунин навъи фаъолиятро пешниҳод кардем», – гуфт ӯ.

Ба қавли муовини раиси пойтахт, шуъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе фаъолияти терминалҳои наздишаҳриро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, то ки ба фаъолияти онҳо дар қаламрави шаҳр роҳ надиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт, дар зарфи ду рӯзи рейд беш аз 150 адад воситаи нақлиёти мусофиркаш ба истгоҳҳои ҷаримавӣ оварда шудааст, ки ронандагони онҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буданд.

«Ронандагоне, ки иҷозатномаи дахлдор ва шаҳодатномаи тиббӣ надоранд, талаботи қонунгузории маъмуриро риоя намекунанд. Ғайр аз ин, чунин воситаи нақлиёт қабл аз оғози кор аз назорати техникии таъиншуда намегузарад ва ин омил метавонад ба ҳаёти мусофирону таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мушкилот эҷод созад», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...