Баррасии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 5-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, ҷаласа таҳти дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими иқтидори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии амалҳо ҷиҳати ҷалбнамоӣ ва фаъолияти шарикон оид ба рушд дар самти рушди […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 5-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, ҷаласа таҳти дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими иқтидори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии амалҳо ҷиҳати ҷалбнамоӣ ва фаъолияти шарикон оид ба рушд дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Сафир Ивар Викки, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратхонаҳои муқими ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамоҳангсоз асосан масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: 1. Маълумоти мухтасар оид ба тадбирҳои анҷомдода ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 сентябри соли гузашта дар шаҳри Қайроқум баргузор гардида буд ва ҳамчунин ифтитоҳи намояндаи консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар вилояти Суғд; 2. Муаррифӣ ва иттилоот оид ба корҳои анҷомдода ва монеаҳои мавҷуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим». 3. Суханронии намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта ва ҳуҷҷатгузорӣ.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 18 субъект, дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 5 субъект ва дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2 субъект ба қайд гирифта шудааст. Маблағи умумии сармояе, ки онҳо мутобиқи нақшаи тиҷоратӣ бояд ворид намоянд, бештар аз 70 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.