Мавсими мубориза бо малах анҷом меёбад

Дар Тоҷикистон мавсими имсолаи мубориза бо малах анҷом меёбад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар кишвар 68,3 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 57,2 ҳазор гектар камтар аст. Ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон мавсими имсолаи мубориза бо малах анҷом меёбад.


Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар кишвар 68,3 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 57,2 ҳазор гектар камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи дахлдор ва ҳамчунин қувваи корӣ сафарбар шудааст.

«Ба санаи 25-уми май дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз ҳама бештар қаламрави вилояти Хатлон мавриди ҳамлаи малахҳо қарор гирифтааст, ки майдони умумии он зиёда аз 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

«Ҳамчунин паҳншавии малах дар қаламрави вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ низ ба мушоҳида расид», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта майдони умумии фарогири ҳуҷуми малах дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 160 ҳазор гектар баробар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.