Нақби «Шаҳристон» дар остонаи ҷашни Истиқлол ба истифода дода мешавад

Маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон – 9-уми сентябр баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, бо назардошти мушкилоти пайдошуда дар сохтмон, аз ҷумла фурӯравӣ ва лағзиши кӯҳпораву хок, лозим омадааст, ки санаи […]

Аваз Юлдошев


Маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон – 9-уми сентябр баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, бо назардошти мушкилоти пайдошуда дар сохтмон, аз ҷумла фурӯравӣ ва лағзиши кӯҳпораву хок, лозим омадааст, ки санаи ба истифода додани иншоот аз моҳи июн, дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ба моҳи сентябри соли равон мавқуф гузошта шавад.

«Чорабиниҳои асосӣ дар мавриди ба истифода додани нақби «Шаҳристон» дар шаҳри Истаравшан доир мегарданд, – гуфт ӯ. – Дар Истаравшан сохтмони варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ буда, ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст».

Номбурда ҳамчунин гуфт, тибқи нақшаи пешбинишуда, дар ноҳияҳои Айниву Шаҳристон низ оид ба дар сатҳи зарурӣ доир намудани маросими ба истифода додани нақб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.

Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.