Нақби «Шаҳристон» дар остонаи ҷашни Истиқлол ба истифода дода мешавад

Date:


Маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон – 9-уми сентябр баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, бо назардошти мушкилоти пайдошуда дар сохтмон, аз ҷумла фурӯравӣ ва лағзиши кӯҳпораву хок, лозим омадааст, ки санаи ба истифода додани иншоот аз моҳи июн, дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ба моҳи сентябри соли равон мавқуф гузошта шавад.

«Чорабиниҳои асосӣ дар мавриди ба истифода додани нақби «Шаҳристон» дар шаҳри Истаравшан доир мегарданд, – гуфт ӯ. – Дар Истаравшан сохтмони варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ буда, ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст».

Номбурда ҳамчунин гуфт, тибқи нақшаи пешбинишуда, дар ноҳияҳои Айниву Шаҳристон низ оид ба дар сатҳи зарурӣ доир намудани маросими ба истифода додани нақб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.

Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...