Вазорати маориф кам кардани муҳлати раводи донишҷӯёнро дархост накардааст

Вазорати маорифи Тоҷикистон изҳор медорад, ки  ба намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон перомуни дархости кам кардани муҳлати раводиди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла мутобиқи барномаи «Work and travel» мактуби расмӣ ирсол накардааст. Бо ин изҳорот Вазорати маориф иттилои дар сомонаи Радиои «Озодӣ» нашршуда дар бораи маҳдуд кардани муҳлати раводиди донишҷӯён ва дар баробари сафар машғул шудан ба […]

Виктория Наумова


Вазорати маорифи Тоҷикистон изҳор медорад, ки  ба намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон перомуни дархости кам кардани муҳлати раводиди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла мутобиқи барномаи «Work and travel» мактуби расмӣ ирсол накардааст.

Бо ин изҳорот Вазорати маориф иттилои дар сомонаи Радиои «Озодӣ» нашршуда дар бораи маҳдуд кардани муҳлати раводиди донишҷӯён ва дар баробари сафар машғул шудан ба фаъолиятҳои меҳнатӣ аз 3 то ба 2 моҳро рад менамояд.

Сармутахассиси Раёсати муносибатҳои банулмилалии Вазорати маорифи ҶТ Фарида Гадоева мегӯяд, онҳо ба ҳеҷ яке аз намояндагиҳои дипломатӣ нома ирсол накардаанд, вале вазорат дарвоқеъ ҳам барномаҳое чун сафару корро дастгирӣ намекунад, зеро тибқи қонун, дар сурати 36 соат дар дарсҳо ҳозир набудан, донишҷӯ метавонад аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда шавад.

«Сафар ба хориҷа дар чаҳорчӯби чунин барномаҳо барои ба дарсҳо ҳозир нашудан асос буда наметавонад, зеро онҳо барномаҳои таълимӣ нестанд, – зикр кард ӯ. – Мо барномаҳое ба монанди табодули донишҷӯёнро дорем, ки мутобиқи он донишҷӯёни тоҷик метавонанд барои таҳсил муддати ҳатто як сол дар хориҷи кишвар қарор дошта бошанд».

Бино ба маълумоти расмии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, соли хониши 2010-2011 дар хориҷи кишвар 735 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм кардаанд. Онҳо дар муассисаҳои таълимии кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Миср, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белоррус ва ИМА ба таҳсил машғул будаанд.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.