Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ идрорпулии муҳассилини Кӯлобро зиёд мекунад

Date:


Чанде қабл дар чаҳорчӯби Барномаи таҳкими ҳамкории Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муассисаҳои таълимотии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрии раиси намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон ҷаноби Сайидҷаводи Разавӣ бо донишҷӯён баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байнулмилалӣ Додарбек Сайдалиев хабар дод, ба вохӯрӣ донишҷӯёне, ки аз Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ идрорпулӣ мегиранд, даъват шуда буданд. «Дар вохӯрӣ донишҷӯён дархост карданд, ки ҳаҷми идрорпулии онҳо афзуда шавад ва раиси кумитаи ин хоҳиши онҳоро пазируфт», – гуфт ӯ.

Ба қавли Д.Сайдалиев, Сайидҷаводи Разавӣ ҳамчунин ба кормандони масъули намояндагии кумита дар минтақаи Кӯлоб ҷиҳати таҳияи нақшаи густариши барнома оид ба расонидани кӯмак ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат супориш додааст.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...