Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ идрорпулии муҳассилини Кӯлобро зиёд мекунад

Чанде қабл дар чаҳорчӯби Барномаи таҳкими ҳамкории Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муассисаҳои таълимотии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрии раиси намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон ҷаноби Сайидҷаводи Разавӣ бо донишҷӯён баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байнулмилалӣ Додарбек Сайдалиев хабар дод, ба вохӯрӣ донишҷӯёне, ки […]

Турко Дикаев


Чанде қабл дар чаҳорчӯби Барномаи таҳкими ҳамкории Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муассисаҳои таълимотии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрии раиси намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон ҷаноби Сайидҷаводи Разавӣ бо донишҷӯён баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байнулмилалӣ Додарбек Сайдалиев хабар дод, ба вохӯрӣ донишҷӯёне, ки аз Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ идрорпулӣ мегиранд, даъват шуда буданд. «Дар вохӯрӣ донишҷӯён дархост карданд, ки ҳаҷми идрорпулии онҳо афзуда шавад ва раиси кумитаи ин хоҳиши онҳоро пазируфт», – гуфт ӯ.

Ба қавли Д.Сайдалиев, Сайидҷаводи Разавӣ ҳамчунин ба кормандони масъули намояндагии кумита дар минтақаи Кӯлоб ҷиҳати таҳияи нақшаи густариши барнома оид ба расонидани кӯмак ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат супориш додааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.