Эҳтимоли комилан баста шудани масҷиди Тӯраҷонзодаҳо

Оилаи рӯҳониёни маъруфи кишвар Тӯраҷонзодаҳо аз болои ҳукмномаи суди шаҳри Ваҳдат оид ба манъи фаъолияти он ҳамчун масҷиди ҷомеи намози ҷумъа тибқи даъвои Кумитаи умури дин ба зинаи болоӣ шикоят бурданист. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофиаи оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба islamnews.tj хабар додааст, ки дар нусхаи ҳукмномаи аз суд дастрасшуда сари пурра баста шудани масҷид сухан меравад, […]

Меҳрангез Турсунзода


Оилаи рӯҳониёни маъруфи кишвар Тӯраҷонзодаҳо аз болои ҳукмномаи суди шаҳри Ваҳдат оид ба манъи фаъолияти он ҳамчун масҷиди ҷомеи намози ҷумъа тибқи даъвои Кумитаи умури дин ба зинаи болоӣ шикоят бурданист.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофиаи оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба islamnews.tj хабар додааст, ки дар нусхаи ҳукмномаи аз суд дастрасшуда сари пурра баста шудани масҷид сухан меравад, ҳарчанд нахуст дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти он ҳамчун масҷиди ҷомеи намози панҷгона даъво пеш оварда шуда буд.

Судяи шаҳри Ваҳдат изҳор кардааст, ки ӯ танҳо оид ба маҳдуд кардани фаъолияти масҷид ҳукм содир намудааст ва дар сурати идома ёфтани намозҳои панҷгона дар масҷид, он ба ҳукми суд мухолифат нахоҳад кард.

«Ба ҳар ҳол, шарҳу тавзеҳи қарори суд дигаргунатар аст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ба Суди олӣ муроҷиат кунем, зеро дар сурати дар масҷид идома ёфтани намозҳои панҷгона, оилаи Тӯраҷонзодаҳоро ба риоя накардани ҳукмномаи суд метавонанд муттаҳам созанд», – гуфт Ёров.

 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «мо ба намозгузорӣ дар масҷид идома медиҳем. Бигзор моро ба маҳкама бикашанд, вале мо ба ибодат дар ин ҷо хотима намебахшем».

Вакили мудофеъ афзуд, «агар Суди олӣ манъ шудани намози панҷгона дар масҷиди «Муҳаммадия»-ро тасдиқ намояд, мо ба судҳои байнулмилалӣ муроҷиат карданием».

Баҳси ҳукуматдорону оилаи Тӯраҷонзодаҳо оид ба шарҳу тавзеҳи баъзе масоили динӣ аз моҳи декабри соли гузашта идома дорад. Он замон Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди «Муҳаммадия» ва ҷонибдорони ин мазҳаб муттаҳам дониста буд. Кӯшишҳои бародарон дар мавриди маънидоди нодуруст будани ин хулосаи кумита бенатиҷа анҷом ёфтанд. Сипас Кумитаи дин аз суд талаб кард, ки фаъолияти масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳо маҳдуд карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.