Имзои 5 созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Аз рӯйи натоиҷи ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Эрону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Теҳрон миёни кишварҳо дар бахшҳои мухталиф 5 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Хабаргузории IRNA менависад, ин созишномаҳо фарогири соҳаҳои энергетикаву тандурустӣ, иқтисод, фазои кибернетикӣ, алоқа ва нақлиёт мебошанд. Вазири энергетикаи Эрон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ Маҷиди Номҷӯй натиҷаҳои ҷаласаро қаноатбахш […]

Пайрав Чоршанбиев


Аз рӯйи натоиҷи ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Эрону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Теҳрон миёни кишварҳо дар бахшҳои мухталиф 5 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хабаргузории IRNA менависад, ин созишномаҳо фарогири соҳаҳои энергетикаву тандурустӣ, иқтисод, фазои кибернетикӣ, алоқа ва нақлиёт мебошанд.

Вазири энергетикаи Эрон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ Маҷиди Номҷӯй натиҷаҳои ҷаласаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки дар он масоили зиёде, ки ба амалисозии тарҳҳои муштарак монеа эҷод месохтанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон зимни суханронӣ дар ҷаласа М.Номҷӯй иброз дошта буд, ки Эрону Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои муштарак дар бахшҳои гуногунро афзоиш дода, ба таҳкими бештари ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намоянд.

«Мардуми кишварҳоро умумиятҳои фарҳангиву динӣ муттаҳид месозад ва таъсиси комиссияи байниҳукуматӣ гувоҳи иродаи қавии кишварҳо барои таҳкими ҳамкориҳост», – гуфта буд ӯ.

Вазири энергетикаи Эрон ҳамчунин зарурати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштаракро таъкид сохта буд.

Қабл аз ин Маҷиди Номҷӯй изҳор карда буд, ки Эрон бо Тоҷикистон перомуни содироти тақрибан

1 млрд. метри муккааб об аз Тоҷикистон ба Эрон

гуфтушунид дорад.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон 62,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,9 дарсад камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.