Мулоқоти нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Ашқобод

Зимни мулоқот дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Оқил Оқилов ва Омурбек Бабанов масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Бино ба иттилои портали интернетии ҳукумати Қирғизистон, нахуствазирони кишварҳо атрофи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, транзити мол, рушди зербино, тавсеаи ҳамкориҳои […]

Виктория Наумова


Зимни мулоқот дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Оқил Оқилов ва Омурбек Бабанов масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои портали интернетии ҳукумати Қирғизистон, нахуствазирони кишварҳо атрофи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, транзити мол, рушди зербино, тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ғайра табодули афкор намудаанд.

Дар робита ба масъалаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва таъмини амнияти энергетикӣ, О.Бабанов зарурати роҳандозии фаъолияти ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар таҳияву коркарди масоили техникиро зикр кардааст. Ӯ ҳамчунин суръат бахшидан ба ҳалли масъалаи сохтмони пул дар мавзеи Кулунду-Мақсад бо нигоҳдошти мақоми мавзеъ то анҷоми ҷараёни аломатгузории ниҳоӣ дар марзҳои давлатиро таъкид сохтааст.

Ҷонибҳо дар ин масъала ба тавофуқ расида, зарурати суръат бахшидан ба анҷоми корҳои аломатгузорӣ дар марзи давлатии миёни давлатҳоро мувофиқи мақсад донистаанд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Ашқобод ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз мекунад. Дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ баррасии 30 лоиҳаву ҳуҷҷатҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориву ҳамгиройии кишварҳои узви иттиҳод дар назар аст. Баррасиву таҳлили лоиҳаҳои қарор дар бораи Консепсияи озодкунии бозорҳои хизматгузории молиявии кишварҳои узви ИДМ аз ҷумлаи масоили муҳими ҷаласа маҳсуб меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.