Боздошти адвокати бародарони Н.Ҷӯраев ба гумони ришваситонӣ

Ба дунболи Рустам Олимов, ки чанде пеш ба гумони ришваситонӣ дар солҳои 2008-2009 зимни ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ иштирок кардан дар парвандаи ҷиноӣ нисбат ба бародарони Низомхон Ҷӯраев – Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳо боздошт гардид, ҳамчунин Бердиқул Рустамов, вакили мудофеи бародарон Ҷӯраевҳо низ боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва […]

Наргис Ҳамробоева


Ба дунболи Рустам Олимов, ки чанде пеш ба гумони ришваситонӣ дар солҳои 2008-2009 зимни ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ иштирок кардан дар парвандаи ҷиноӣ нисбат ба бародарони Низомхон Ҷӯраев – Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳо боздошт гардид, ҳамчунин Бердиқул Рустамов, вакили мудофеи бародарон Ҷӯраевҳо низ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар доданд, Расулов мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ ва додани пора муҷрим дониста мешавад.

«Бино ба маълумоти мавҷуда, дар он мурофиаи судӣ адвокат мавқеи миёнаравро ишғол карда, аз номи зерҳимоягони худ ба масабдорон дар ҳаҷми ниҳоят зиёд пора додааст», – гуфт манбаъ ва ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигар худдорӣ варзид.

Бино ба маълумоти Агентии зиддифасод, Рустам Олимов ба ришваситонӣ дар ҳаҷми 350 ҳазор доллари ИМА барои сабук кардани ҷазои бародарон Фахриддин ва Толиб Ҷӯраевҳо айбдор карда мешавад. Маҳз аз ҷониби адвокат Расулов ба айдоркунандаи давлатӣ додани пора аз эҳтимол дур нест.

Моҳи июни соли 2009 нисбат ба 31 нафар шахсони тибқи парвандаи Низомхон Ҷӯраев айбдоршуда ҳукми суд содир гардид. Миёни онҳо бародарон Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳо низ ҳузур доштанд, ки мутаносибан ба 25 ва 21 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Суди олии ҷумҳурӣ баррасии парвандаи ҷиноии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев тибқи моддаҳои 289, қ. 3 (Қочоқ), 291 (Саркашӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ идома дорад.

Н.Ҷӯраев асосан ба қочоқи гандум муттаҳам карда мешавад. Ӯ қисман ба ин гуноҳи худ иқрор шуд. Гузашта аз ин, судшаванда аллакай як қисмате аз маблағи зарари моддии ба давлат расидаро ҷуброн кардааст.

Айни замон Ҷӯраев бо шарти тарк накардани макони будубош дар озодӣ қарор дорад. Санаи 29-уми март тоҷири дар Маскав нопадидшудаи тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев пас аз озодӣ дар шаҳри Душанбе пайдо шуд. Сипас тавассути телевизион суханронии ӯ намоиш дода шуд.

То замони ба Душанбе омадан Ҷӯраев ба содир намудани ҷиноятҳо тибқи як қатор моддаҳои КҶ ҶТ, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ва созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ айбдор карда мешуд. Баъдтар директори Агентии зиддифасод Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки алҳол ӯ асосан дар содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ айбдор карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.