Омодагии Хуҷанд ба Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон

Date:


Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Рӯзи байнулмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари дунё таҷлил мегардад, омодагӣ мегиранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, ба ин муносибат дар Боғи фароғатӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Кӯдакон -сарвати бебаҳоянд» чорабинии идона баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи тобистони соли равон аз миқёси вилоят 106,9 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба чорабиниҳои солимгардонӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

«Ҳоло дар 13 мактаб-интернат, аз ҷумла, дар 4 мактаб-интернат барои бачагон бо иллатҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ, 3 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат, 5 интернати наздимактабӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат ва дар хонаи бачагон 1254 нафар кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои таълиму тарбия ва муолиҷаи онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд», – изҳор карданд дар хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Зикр гардид, ки айни замон дар 56 литсею гимназия 25,6 ҳазор нафар хонандагони болаёқат таҳсил менамоянд ва дар 200 кӯдакистони вилоят 27,8 ҳазор нафар кӯдакон таълим мегиранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...