Оғози омодагирии ҲХДТ ба интихоботи президентӣ

Date:


Дар маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар тамоми бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз нимаи моҳи май оғоз гардида, то ахири моҳи июн идома меёбанд, гурӯҳҳои табблиғотии зудамал таъсис дода мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, ба ҳайати ин гурӯҳҳо собиқадорон, фаъолони ҳизб, адибону шоирон ва ҳунарпешагони маъруфи ҷумҳурӣ шомил мешаванд.

«Вазифаи аслии ин гурӯҳҳо таблиғи афкори ҲХДТ, таблиғи арзанда будани номзади ҳизб дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 мебошад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, У.Солеҳов зикр кард, ки ба пешбарии номзади ҳизб ба маъракаи интихоботи президентӣ танҳо анҷумани ҳизб ҳуқуқ дорад. «Вале ман мӯътақидам, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 президенти амалкунандаи ҶТ, роҳбари ҳизби мо Эмомалӣ Раҳмон номзади шоиставу арзанда хоҳад буд», – афзуд номбурда.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related