Тренинг оид ба масоили идоракунии раванди интихобот

Дар шаҳри Душанбе бо пуштибонии Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) курси таълимӣ дар мавзӯи «Идоракунии раванди интихобот» барои кормандон ва аъзои комиссияҳои Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), аз ҷумла намояндагони 8 ҳизби сиёсии сабтиномшуда ба анҷом расид. Тавре дар иттилоияи намояндагии САҲА хабар дода мешавад, раиси Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сафир Ивар Викки аҳамияти […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе бо пуштибонии Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) курси таълимӣ дар мавзӯи «Идоракунии раванди интихобот» барои кормандон ва аъзои комиссияҳои Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), аз ҷумла намояндагони 8 ҳизби сиёсии сабтиномшуда ба анҷом расид.

Тавре дар иттилоияи намояндагии САҲА хабар дода мешавад, раиси Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сафир Ивар Викки аҳамияти идома додани кор дар самти матраҳсозии ойинҳои интихоботиро таъкид намуд, ки он яке аз тавсияҳои Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА маҳсуб меёбад. Тавсияҳои мазкур пас аз анҷоми мушоҳидаи раванди интихоботи парлумонии соли 2010 матраҳ гардиданд. «То интихоботи раиси ҷумҳур, ки соли оянда багузор мегардад, вақт ҳаст ва барои ман ин ҳамкории созанда ба хотири беҳбуд бахшидан ба раванди интихобот дар Тоҷикистон қобили таҳсин аст», – иброз намуд Сафир Ивар Викки.

Курси таълимии мазкур ба хотири қонеъ гардонидани ниёзҳои КМИР аз ҷониби коршиноси қонуни байналмиллалии интихобот матраҳ гардидааст. Коршиноси қонуни байналмиллалии интихобот бо КМИР аз моҳи март то ин дам ҳамкорӣ менамояд.

Раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён зимни суханронии худ дар поёни курси таълимӣ ниёз ба идома бахшидани омӯзишро барои аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва ноҳиявӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳури таъкид намуда ва дар мавриди нақшахо барои таълим додани тамоми аъзои комиссияҳои интихоботӣ то фарорасии интихоботи раиси ҷумҳур дар соли 2013 тавзеҳ дод. «Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо дастгирии коршиноси байналмиллалӣ ойинҳои (тартиботи) муфассалтар ва возеҳтарро барои аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва ноҳияви матраҳ намудааст. Илова бар ин, тартибот дар мавриди шикоят ва даъвоҳо омода гардидаанд. Ҳоло мо бо матраҳ сохтани ойинҳо дар мавриди овоздиҳӣ дар берун аз кишвар машғул ҳастем», – иброз намуд ҷаноби Шоҳиён.

Коршиноси САҲА ва собиқ муовини раиси Кумитаи марказии интихоботи Молдова Рената Лапти чунин изҳор дошт: «Курси таълимӣ принсипҳои идоракунии раванди интихобот, системаҳои интихобот, давраи интихобот, рушди ниҳодҳои идоракуни раванди интихобот ва стандартҳои байналмиллалии раванди интихоботро дар маҷмӯъ дарбар мегирад. Ин курс дар ҷавоб ба дархости КМИР ташкил шуда ва ба хотири таҳкими зарфияти кормандони КМИР баргузор гардид». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.