Фармондеҳии генерали тоҷик дар тамринҳои низомии «Рисолати сулҳовар-2012»

Дар тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012», ки рӯзҳои 7-14-уми июн дар машқгоҳи Чоруқдаррони гарнизони ҳарбии Суғд доир мегарданд, беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев


Дар тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012», ки рӯзҳои 7-14-уми июн дар машқгоҳи Чоруқдаррони гарнизони ҳарбии Суғд доир мегарданд, беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин тамринҳо аз кишварҳои узви СҲШ танҳо воҳидҳои низомии Ӯзбекистон иштирок намекунанд. Алҳол маълум нест, ки бо кадом сабаб Ӯзбекистон аз иштирок даст кашидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба тамринҳои низомии ҷузъу томҳои кишварҳои узви СҲШ фармондеҳи нерӯҳои низомии хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собиров фармондеҳӣ хоҳад кард.

Дар тамринҳо амалиёти муштараки нерӯҳои ҳавоӣ, артиллерия ва бронетехника санҷида мешаванд. Аз ҷараёни баргузории тамринҳо мансабдорони воломақоми низомии кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои ҳамҷавор назорат хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Давлатҳои Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар СҲШ мақоми нозирро доро мебошанд. Мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ ба Белорус ва Шри-Ланка дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.