Ҳалокати ду кӯдак бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари ду садамаи нақлиёт, ки тайи чанд рӯзи ахир рух доданд, ду нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор ронандаи экскаватори тамғаи «Самсунг-135» Р.Р.-и 28-сола Э.Н.-и 8-соларо бо нақлиёт пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба […]

Аваз Юлдошев


Бар асари ду садамаи нақлиёт, ки тайи чанд рӯзи ахир рух доданд, ду нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор ронандаи экскаватори тамғаи «Самсунг-135» Р.Р.-и 28-сола Э.Н.-и 8-соларо бо нақлиёт пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар қаламрави деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. «Дар ин ҷо ронандаи автомашинаи тамғаи «Москвич-2140» Н.А.-и 70-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол П.А.-и 3-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.