Оғози кори Маҷлиси умумии саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО-и Роғун» ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар хабар доданд, дар маҷлис саҳҳомон ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибии Ҷамъият барои соли 2011-ро тасдиқ намуда, Шӯрои нозирон ва Комисссияи тафтишотии ҶСК «НБО-и […]

Виктория Наумова


Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО-и Роғун» ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар хабар доданд, дар маҷлис саҳҳомон ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибии Ҷамъият барои соли 2011-ро тасдиқ намуда, Шӯрои нозирон ва Комисссияи тафтишотии ҶСК «НБО-и Роғун»-ро дар ҳайати нав интихоб мекунанд. Ҳамчунин саҳҳомон ширкати аудиториро интихоб ва Низомномаи Ҷамъиятро дар таҳрири нав қабул хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, дар остонаи баргузории Маҷлиси умумии саҳҳомон дар саросари кишвар барои сабтиноми саҳҳом ҷиҳати иштирок дар маҷлиси мазкур марказҳо ташкил карда шуданд. Ҳар кадоме аз саҳҳом ба иштирок дар маҷлис ҳуқуқ дорад ва барои ин худро танҳо ба қайд гузоштан зарур буд.

Ёдрас мекунем, ки

Маҷлиси аввали умумии саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»

26-уми майи соли 2011 доир гардида буд. Он замон саҳҳомон ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибии Ҷамъиятро тасдиқ намуда, Шӯрои нозирон ва Комисссияи тафтишотии ҶСК «НБО-и Роғун»-ро интихоб карданд. Ҳамчунин саҳҳомон ширкати аудиторӣ ва рӯйхати Комиссияи ҳисобро интихоб ва тасдиқ намуда буданд.

Бино ба маълумоти ҶСК «НБО Роғун» дар семоҳаи авали соли равон корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқиӣ-обии «Роғун»

дар ҳаҷми ҳудуди 245 млн. сомонӣ (зиёда аз 50 млн. $)

маблағгузорӣ шуданд.

Бино ба маълумоти ҶСК «НОБ-и Роғун» аз оғози корҳои барқароркунӣ аз соли 2007 ба сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 млрд. 325 сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Соли 2011 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» наздик ба 813 млн. сомониро ташкил дод.

Семоҳаи аввали соли равон дар амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун»

20 ширкати хориҷӣ иштирок карданд.

Ба сохтмони иншооти мазкур 14 ташкилоти паймонкор аз Русия, 4 ширкат аз Украина, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҳамчунин ширкати «Geokon Inc» ҷалб гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.