Пас аз санҷиш роҳбарони 20 мактаби пойтахт аз мансаб сабукдӯш шуданд

Тибқи натиҷаҳои санҷиши сатҳи касбӣ (аттестатсия)-и роҳбарони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 20 нафар директорони мактабҳои пойтахт аз мансаб сабукдӯш гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева хабар дод, ҳангоми таъини директорони нави мактабҳо назару андешаи коллективҳои омӯзгорӣ, кумитаҳои падарону модарон ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. […]

Аваз Юлдошев


Тибқи натиҷаҳои санҷиши сатҳи касбӣ (аттестатсия)-и роҳбарони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 20 нафар директорони мактабҳои пойтахт аз мансаб сабукдӯш гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева хабар дод, ҳангоми таъини директорони нави мактабҳо назару андешаи коллективҳои омӯзгорӣ, кумитаҳои падарону модарон ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Бобоева зикр кард, ки ҳангоми таътили тобистона барои директори тозатаъини мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе курсҳои такмили ихтисос доир мегарданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ӯ, то баргузории санҷиши зикршуда аз оғози сол барои додани номаҳои камол (аттестат)-и қалбакӣ, дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои худ, назардошти қонуншиканиҳои аз ҷониби толибилмони муассисаи таълимӣ содиршуда ва муҳлати дар сари мансаби директори мактаб  будани як шахс, дар маҷмӯъ 38 нафар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз вазифаашон барканор шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 140 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон дар яке аз ҷаласаҳои васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуда буд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта мудирони шӯбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд  бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.