Чин ба Тоҷикистон 150 млн. юан грант ҷудо мекунад

Субҳи имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олии миёни роҳбарияти ду кишвар оғоз ёфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сарвари давлати Тоҷикистонро дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао пешвоз гирифта, ба макони баргузории маросими расмии истиқбол […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олии миёни роҳбарияти ду кишвар оғоз ёфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сарвари давлати Тоҷикистонро дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао пешвоз гирифта, ба макони баргузории маросими расмии истиқбол даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб оғоз ёфта, бо сафороии ҷузъутомҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон ва арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.

Масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сиёсӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуд.

«Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад», – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: -«давлатҳои мо тайи 20 соли робитаҳои дипломатӣ ба ҳамсояҳои наку, дӯстони содиқ ва шарикони боэътимод табдил ёфтаанд».

«Тоҷикистон чун ҳамеша дар масоили ягонагию якпорчагии Чин мавқеи устувору бетағйир дорад», – таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ху Ҷинтао дар навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: – «Ман ба мавқеи устувору қотеонаи шумо дар мубориза бо хатарҳои сегонаи ҷаҳони муосир қоилам. Нақши шахсии шумо дар таъмини амнияти минтақавӣ басо намоён аст ва мо аз ин қадрдонӣ мекунем».

Зимни баррасии масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки густариши равобит дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳим дар ин самт мебошад.

Ҳарду ҷониб ба бунёди нерӯгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерӯи барқ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, оғози корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ва густариши робитаҳои минтақавӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Аз рушди бонизом ва натиҷаҳои ҳамгироӣ миёни сохторҳои дифоӣ ва амниятии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ба густариши робитаҳои дуҷонибаи онҳо ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони Тоҷикистону Чин ду санад ба имзо расид:

– Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ.

Тавре иттилоъ дода шуд, тибқи созишнома оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ 150 миллион юан кӯмаки бебозгашт ё грант ҷудо карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.