Ироаи пешниҳоди соҳибкорон ба раисони Кумитаи амволи давлатӣ ва андоз

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов бо як гурӯҳи соҳибкорони инфиродии кишвар мулоқот оростанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи андоз хабар доданд, дар мулоқот пешниҳодоти соҳибкорони инфиродӣ ба Кодекси нави андоз баррасӣ шуданд. «Дар ҷараёни вохӯрӣ аз […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар шаҳри Душанбе раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов бо як гурӯҳи соҳибкорони инфиродии кишвар мулоқот оростанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи андоз хабар доданд, дар мулоқот пешниҳодоти соҳибкорони инфиродӣ ба Кодекси нави андоз баррасӣ шуданд.

«Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ як қатор таклифу пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, масъалаҳои иҷтимоии соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми гирифтани нафақа, гузариш аз низоми соддакардашудаи андозбандӣ ба низоми умумӣ ва тартиби пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андозбандӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, рақоботи носолим дар байни соҳибкороне, ки тибқи патент фаъолият мекунанд ва монеаҳои андоз аз фурӯши чакана вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ, яктарафа қатъ кардани фаъолияти соҳибкорони инфиродие, ки патент гирифта, аммо фаъолият намекунанд ва ё маблағи патентро ба мӯҳлати зиёда аз 3 моҳ пардохт намекунанд ва дигар мушкилоти ҷойдошта баён гардиданд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли 2010 таҳти сарварии вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шуд.

Лоиҳаи Кодекси андоз дар муҳлати муқарраршуда, яъне 1-уми апрели соли равон ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардид, вале раиси ҳукумат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳа, бинобар ҷой доштани баъзе камбуду норсаоиҳо онро ҷиҳати коркарди дубора бозпас баргардонд.

Сарвари давлат ба гурӯҳи корӣ супориш дод, ки тамоми пешниҳодоти аз ҷониби мақомоти гуногун оид ба таҳияи Кодекси нави андоз воридшуда дақиқан мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, дар муддати як моҳ ба ҳукумат лоиҳаи нави бозбинишудаи Кодекси андоз пешниҳод гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.