Боздошти як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Панҷ

Чанде қабл дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як гурӯҳи навбатии муташаккили ҷиноӣ боздошт шуд, ки аъзои он ахиран ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору амалҳои террористӣ даст задаанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД, пешвои гурӯҳ шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Шералӣ Адҳамов буда, аъзои гурӯҳ зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Ҳеҷ яке аз кормандони […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як гурӯҳи навбатии муташаккили ҷиноӣ боздошт шуд, ки аъзои он ахиран ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору амалҳои террористӣ даст задаанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД, пешвои гурӯҳ шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Шералӣ Адҳамов буда, аъзои гурӯҳ зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Ҳеҷ яке аз кормандони милиса осеб надид. Амалиёти боздошти гурӯҳ дар зодгоҳи Ш.Адҳамов – деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ гузаронида шуд. Ҳамроҳи пешвои гурӯҳ боз се нафар ҳаммаслакони ӯ низ дастгир гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ҷойи истиқоматии Ш. Адҳамов ду адад автомати тамғаи Калашников, ду норинҷак, 800 дона тир, 15 адад телефони мобилӣ, 103 адад симкарта, як адад воситаи мухобира дигар таҷҳизоти ҳарбӣ, якчанд автомашинаҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада, миқдори ниҳоят калони маводи мухаддир ва ҳуҷҷатҳое, ки аз содир шудани ҷиноят шаҳодат медиҳанд, ёфт ва мусодира карда шуд.

Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зикр карданд, ки амалиёти мазкур дар ҳамдастӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.