Оғози корҳои ширкати нафту гази Чин дар Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин омад. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин (China National […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин омад.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation-CNPC) Ҷян Ҷемин мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ доир ба корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту гази Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ширкати миллии нафту гази Чин ҳавасманд мебошад ва барои ин омода аст, тамоми шароити заруриро муҳайё созад».

Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин Ҷян Ҷемин ҳам ба ташкили ҳамкории судбахш изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: «Ширкати миллии нафту гази Чин бо 61 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва Тоҷикистон 61-ум хоҳад буд».

Тавре зикр гардид, ин ширкат аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол коркард ва содироти нафту газ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дар охири мулоқот миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.