Вохӯрии дипломатҳо бо маҳбусони тоҷики зиндони «Пули Чархӣ»

Ба наздикӣ вохӯрии навбатии кормандони сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон бо маҳбусон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зиндони «Пули Чархӣ»-и шаҳри Кобул нигаҳдорӣ мешаванд, баргузор шуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зиндони мазкур айни ҳол нӯҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла узвият дар ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ, қочоқи […]

ASIA-Plus


Ба наздикӣ вохӯрии навбатии кормандони сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон бо маҳбусон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зиндони «Пули Чархӣ»-и шаҳри Кобул нигаҳдорӣ мешаванд, баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зиндони мазкур айни ҳол нӯҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла узвият дар ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ адои ҷазо менамоянд.

Зимни мулоқот дар баробари огоҳӣ аз аҳволи маҳбусон ва баррасӣ намудани мушкилоти ҷойдоштаи онҳо, дар бораи андешидани иқдомоти сафорат дар доираи татбиқи созишномаи табодули маҳбусон миёни ду кишвар низ хабар дода шуд. Маҳбусон ҳар кадом дар навбати худ, ба таври шифоҳӣ омодагӣ ва розигии хешро барои бозгашт ба Тоҷикистон иброз намуданд.

Айни замон дар маҳбасхона ва боздоштгоҳҳои Афғонистон дар маҷмӯъ 14 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди нигаҳдорӣ қарор доранд. Қобили зикр аст, ки аз ин шумора дар робита ба 7 нафар се марҳилаи мурофиаи судӣ мувофиқи қонунгузории он кишвар анҷом гирифта, мурофиаҳои судӣ дар баробари 6 нафари дигар тӯл мекашанд. Ин амр баррасии масъалаи бозгардонидани онҳоро ба Тоҷикистон ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо то ниҳоӣ гардидани парвандаҳо ба таъхир меандозад.

Боиси ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи санад, то имрӯз бо изҳори ҳусни ният 286 нафар маҳбусон-шаҳрвандони кишвари дӯстро ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо ба мақомоти дахлдори он кишвар таҳвил додааст.

 Баррасии масоили вобаста ба татбиқи созишномаи табодули маҳбусон миёни ду кишвар бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.