IWPR ба малакаҳои журналистони Тоҷикистон сайқал мебахшад

Намояндагии Институти бритонии инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон ба баргузории медиа-мактаб оид ба рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Дар доираи ин медиа-мактаб бо 15 нафар журналистони ҷавони шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд ва Душанбе оид ба тарзҳои муосири ҷамъоварии маълумоту коркарди он ва дурнамои ворид шудани онҳо ба шабакаи байнулмилалии журналистон – […]

ASIA-Plus


Намояндагии Институти бритонии инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон ба баргузории медиа-мактаб оид ба рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

Дар доираи ин медиа-мактаб бо 15 нафар журналистони ҷавони шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд ва Душанбе оид ба тарзҳои муосири ҷамъоварии маълумоту коркарди он ва дурнамои ворид шудани онҳо ба шабакаи байнулмилалии журналистон – муҳаққиқони SCOOP машғулиятҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.

Омӯзиш дар ду давра сурат мегирад. Давраи аввал (5-9-уми июн) аз тренинги фаъоли панҷрӯза иборат аст. Давраи дуюм пас аз се моҳ доир гардида, ду рӯз идома меёбад.

Барои панҷ нафар иштирокчиёни бештар фаъоли тренинг барои тақвияти малакаҳои амалии таҳқиқотӣ дар дафтари украинии SCOOP таҷрибаомӯзии дуҳафтаина пешбинӣ шудааст.

Дар муддати ҳашт моҳ иштирокдорони лоиҳа доир ба мушкилоти бештар доғи ҷомеаи муосири Тоҷикистон на камтар аз 12 таҳқиқоти журналистӣ доир намуда, сипас ин мавод дар нашриёти чопиву электронии маҳаллӣ ва тарҷумаашон бо забонҳои русиву англисӣ дар ВАО-и байнулмилалӣ ба чоп мерасанд.

Лоиҳаи «Лабораторияи таҳқиқоти журналистӣ» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.