Оғози татбиқи лоиҳаи «Якҷоя баҳри тарзи ҳаёти солим!» дар Суғд

Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва «Федератсияи миллии муҳорибаи тан ба тани Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амалисозии лоиҳаи «Якҷоя баҳри тарзи ҳаёти солим!» шурӯъ намуданд. Лоиҳа барои 3 моҳ пешбинӣ шудааст. Тавре менеҷери кор бо ҷомеаи ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» Қамарбек Амаков хабар дод, лоиҳа барои мусоидат намудан дар беҳтаркунии саломатии репродуктивии […]

ASIA-Plus


Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва «Федератсияи миллии муҳорибаи тан ба тани Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амалисозии лоиҳаи «Якҷоя баҳри тарзи ҳаёти солим!» шурӯъ намуданд. Лоиҳа барои 3 моҳ пешбинӣ шудааст.

Тавре менеҷери кор бо ҷомеаи ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» Қамарбек Амаков хабар дод, лоиҳа барои мусоидат намудан дар беҳтаркунии саломатии репродуктивии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маълумотнокии ҷавонон оиди масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва ҳуқуқ, малакаҳои ҳаётӣ, пешгирии ВНМО, натиҷаҳои манфии истифодабарии нашъа ва ҷалбкунӣ ба чорабиниҳои тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар доираи лоиҳа мусобиқаи осиёӣ дар муҳорибаи тан ба тан ташкил карда мешавад, ки ба он варзишгарони ҷавон аз давлатҳои ҳамсояи дӯстонаи Осиёи Марказӣ ва Русия даъват карда мешаванд. «Ба ғайр аз иштирок дар мусобиқа барои варзишгарон семинарҳои омӯзишӣ оиди масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва ҳуқуқ, пешгирии нашъамандӣ, ВНМО/БПНМ гузаронида мешаванд. Дар байни меҳмононва тамошобинони мусобиқа аз тарафи ихтиёриён ва тренерони «Ҳамсол ба ҳамсол» маълумотноккунӣ ва паҳнкунии маводҳои маълумотӣ – омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Пешгирии бемориҳои муҳими иҷтимоӣ» (ВНМО/БПНМ, БСҶ, нашъамандӣ) гузаронида мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа барои пешрафти рафтори бехатар ва тарзи ҳаёти бехатар мутобиқи вазифаҳое, ки дар барномаҳо ва стратегияҳои зерин: «Стратегияи миллии ҶТ оиди ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон то соли 2015»; «Барномаи рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2011-2013»; «Барнома оиди муқовимат бо эпидемияи ВНМО/БПНМ барои солҳои 2011-2015»; «Барнома оиди пешгирӣ ва муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2008-2012» инъикос ёфтаанд, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин лоиҳа барои мустаҳкамкунии ҳамкории минтақавӣ дар тарғиби варзиш ҳамчун алтернативаи итеъмоли нашъа ва рафтори хатарнокишаҳвонӣ ёрӣ хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки лоиҳа бо дастгирии техникӣ ва молиявии барномаи минтақавии «Тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ/Тоҷикистон»-и Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.