Беш аз 50 млн. $ қарзи имтиёзноки Эксимбонк ба Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбанк)-и Чин Ли Жогу мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни суҳбати самимӣ, аз ҷумла нақши намоёни бонк дар ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Чин таъкид гардид, зеро аз ҷониби он барои татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбанк)-и Чин Ли Жогу мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни суҳбати самимӣ, аз ҷумла нақши намоёни бонк дар ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Чин таъкид гардид, зеро аз ҷониби он барои татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва ғайра беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати ин бонк ҷудо шудааст.

Бо ишора ба мувофиқаҳои нави дар сатҳи роҳбарияти олии ду кишвар ҳосилшуда таъкид гардид, ки Эксимбонки Чин минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя нақши намоёни худро идома медиҳад.

 Дар охири мулоқот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин Созишномаи қарзи имтиёзнок оид ба лоиҳаи таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб- Хорӯғ-Кулма ба имзо расид.

 Мутобиқи ин созишнома ба маблағи 50, 54 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ҷудо мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.