Қатъи тафтишоти судии парвандаи ҳафтавори «Фараж»

Шурӯъ аз имрӯз бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ парванда оид ба тафтишоти судии аризаи даъвогии сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддин Азизов нисбат ба ҳафтавори «Фараж» ва муаллифи мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» – 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтавори «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011), хабрнигори ҳафтавор Зевар Шарифова қатъ карда шуд. Дар суҳбат бо […]

Аваз Юлдошев


Шурӯъ аз имрӯз бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ парванда оид ба тафтишоти судии аризаи даъвогии сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддин Азизов нисбат ба ҳафтавори «Фараж» ва муаллифи мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» – 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтавори «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011), хабрнигори ҳафтавор Зевар Шарифова қатъ карда шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло дар робита ба ин масъала гуфт, қатъи тафтишоти парванда бинобар сабаби аз шикоят даст кашидани даъвогар рӯйи кор омадааст. Дар ҳамин ҳол, Х.Атовулло сабаби аз даъво даст кашидани Ф.Азизовро намедонад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта Азизов бо аризаи даъвогӣ нахуст ба суди ноҳиявии маҳалли иқомат ва ҳамчунин ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кард. Дар ариза ҳафтанома ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ гунаҳкор дониста мешуд. Даъвогар нашрия ва журналист Зевар Шарифоваро дар паст задани шаъну шараф  ва эътибори кории айбдор дониста, хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ шуд.

Аммо чун ҳафтавори «Фараж» шахси ҳуқуқӣ нест, суди ноҳияи Фирдавсӣ даъвои ӯро рад кард. Сипас даъвогар ба Вазорати адлия муроҷиат кард ва дар навбати худ, Вазорати адлия даъворо ҷиҳати баррасӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол кард. Аз ин ҷо даъво бозпас гирифта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.