Ифтитоҳи Маркази таълимии кинологӣ дар АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии барномаи  Иттиҳоди Аврупо «БОМКА»  Маркази таълимии кинологӣ кушода шуд. Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ иттилоъ доданд, моҳи октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Идораи сарҳадот ва назорат аз болои мухаддирот дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он оид ба […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии барномаи  Иттиҳоди Аврупо «БОМКА»  Маркази таълимии кинологӣ кушода шуд.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ иттилоъ доданд, моҳи октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Идораи сарҳадот ва назорат аз болои мухаддирот дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он оид ба таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани мутахассисон-кинологҳо на танҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ, балки барои мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор қабул карда шуд.

Бо ин мақсад соли 2010  бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА» дар базаи хадамоти кинологии Агентӣ сохтмони бинои маъмурии Маркази таълимӣ оғоз шуд.

Соли 2011   корҳои сохтмонии синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳ барои шунавандагон, ошхона, китобхона, толори варзишӣ, инчунин биноҳо барои  нигоҳ доштан, дарс, омӯзиш додан ва зиёд кардани сагҳои хизматии кофтуковӣ ба охир расиданд.

Таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани кинологҳо, зиёд кардан ва омода намудани сагҳои хизматии кинологӣ оид ба ёфтани мухаддирот, барои баланд гардидани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ҳам Агентӣ, инчунин дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.

Дар суханронии худ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров қайд кард, ки дар оянда инчунин сохтани Маркази таълимии махсусгардонидашуда ба нақша гирифта шудааст, ки дар он тайёр кардани на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ, балки кормандони зидди мухаддиротии ҶИА низ имконияти таълим гирифтан пайдо менамоянд.

Дар ифтитоҳи расмии кушодашавии Маркази таълимии кинологӣ Муовини Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Юрий  Федотов, Намояндаи ПРООН дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Зуев, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар кишвари мо Э.Ауэр, инчунин намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки дар мамлакати мо аккредетатсия  шудаанд, иштирок намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.