Кӯмаки Ҷопон дар таъмири як мактаб дар Мурғоб

Ҷопон дар таъмиру барқарор кардани як мактаб дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ кӯмак кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхони Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифттоҳи мактаби №11 дар деҳаи Шаймаки ноҳияи Мурғоб сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши, муовини аввали раиси ВМКБ Исрор Исроров, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Ҷошбаев ва ҳамоҳангсози ACTED дар […]

Наргис Ҳамробоева


Ҷопон дар таъмиру барқарор кардани як мактаб дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ кӯмак кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхони Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифттоҳи мактаби №11 дар деҳаи Шаймаки ноҳияи Мурғоб сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши, муовини аввали раиси ВМКБ Исрор Исроров, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Ҷошбаев ва ҳамоҳангсози ACTED дар Мурғоб Суюнбек Тоҷиддинов иштирок карданд.

Лоиҳаи таъмиру барқарорсозии мактаб ба маблағи умумии 85 ҳазор доллари  ИМА аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар доираи кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти башарӣ барои қишри аъзами аҳолӣ сармоягузорӣ шуд.

«Деҳаи Шаймак бо 730 нафар аҳолӣ дар минтақаи кӯҳистон, наздикии марзи Тоҷикистону Чин ва Тоҷикистону Афғонистон воқеъ буда, дар мактаби маҳаллӣ ҳудуди 120 нафар толибилмон таҳсил мекунанд. Нисфе аз толибилмон дар хобгоҳи назди мактаб шабро рӯз менамуданд, зеро падару модарони онҳо шабонарӯзӣ дар чарогоҳҳо буданд. Соли 2006 офати табиӣ ба бинои асосии мактаб осеби зиёд расонида, идомаи таҳсил дар бинои мактабро ғайриимкон кард. Акнун хобгоҳ ба сифати синфхонаҳо истифода мегардид», – гуфтанд дар сафорат.

Бинои нави мактаб бо шумули ду ҳуҷраҳои маъмурӣ ва шаш синф, ки аз ҷониби ACTED бо дастгирии гранти Ҷопон сохта шуданд, майдони 383 метри мураббаъро дарбар мегирад. «Дар бинои мактаби нав барои таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам буда, акнун бинои хобгоҳ аз рӯйи таъинот истифода мешавад», – афзуд манбаъ.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.