Пешгирии қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир дар Шӯрообод

Date:


Рӯзи 10-уми июни соли равон дар натиҷаи амалиёти кормандони ВКД алайҳи гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Шӯробод  дар мавзеи «Деволбарс» миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва гурӯҳи қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ашхоси мусаллаҳи ҷинояткор ба муқовимат тоб наоварада, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд. Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни маводи мухаддир дар ҳудуди мавзеи «Деволбарс» дар чор халта ба миқдори ниҳоят калон 100 кг 160 грамм маводи нашъадори бангдона ва як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-16» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Якчанд рӯз пеш, дақиқан рӯзи 6-уми июн дар мавзеи номбурда, ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллобон иборат аз шаҳрвандони Афғонистон ошкору безарар гардонида шуда буданд. Задухӯрди мусаллаҳона, ки беш аз ду соат тӯл кашид, сабаби фирор намудани қочоқчиён ба марзи ин кишвар гардид. Аз пинҳонгоҳи нашъаҷалобон дар 5 борхалта ба миқдори 90 кг 300 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...