Қатъи дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс»

Date:


Як қатор интернет-провайдерони Тоҷикистон дастрасӣ ба яке аз сомонаҳои писандидаи кишвар – сомонаи иттилоотии

www.news.tj

–ро қатъ карданд, ки ба медиа-холдинги «Азия-Плюс» мутааллиқ аст.

Қатъи дастрасӣ ба сомона дар асоси мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифтааст. Тибқи маълумоти ба ОИ «Азия-Плюс» расида, имрӯз ба провайдерон бо мазмуни қатъи дастрасӣ «бо сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» мактуб расидааст.

Айни замон идораи оҷонсӣ бо реҷаи муқаррарӣ машғули кор аст, зеро ба интернет-провайдери «Азия-Плюс» то ҳанӯз мактуби расмии Хадамоти алоқа нарасидааст.

Портали интернетӣ дар хориҷи кишвар ҷойгир буда, дастрасии мушатриёни дигар кишварҳо ба он боз аст. Иттилоот барои корбарони Тоҷикистон ҳамчунин дар сафҳаи мо дар Facebook

https://www.facebook.com/newstj

ҷойгир карда мешаванд.



Аз ОИ:


Айни замон вазъ тамоман норӯшан аст ва мо кӯшиш мекунем, ки сабаби онро муайян кунем. Интизори тафсилоти нав бошед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...