Ғорати шаҳрвандони Ҳолландия дар Варзоб

Нимаи дуюми рӯзи гузашта дар Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Ҳолландия мавриди ғорат қарор гирифтанд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шахсони номаълум дар километри 40-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи Ҳушёрӣ бо роҳи зӯроварӣ сайёҳон, шаҳрвандони кишвари Ҳолландия Ш. Мартин ва ҳамсафари ӯро мавриди ғорат қарор дода, аз онҳо 800 доллар, 120 сомонӣ, як […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи гузашта дар Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Ҳолландия мавриди ғорат қарор гирифтанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шахсони номаълум дар километри 40-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи Ҳушёрӣ бо роҳи зӯроварӣ сайёҳон, шаҳрвандони кишвари Ҳолландия Ш. Мартин ва ҳамсафари ӯро мавриди ғорат қарор дода, аз онҳо 800 доллар, 120 сомонӣ, як адад дастгоҳи аккосӣ, як адад «Ноутбук», телефони мобилии тамғаи «Нокия» ва 5 адад кортҳои пластикиашонро тасарруф мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич оид ба муайян ва дастгир намудани ашхоси ҷиноятпеша гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, рафти тафтиши ин ҷиноят таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Шаҳрвандоне, ки дар ошкору дастгир кардани ҷинояткорон кӯмак мекунанд, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қадршиносӣ карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.