Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти субъектҳои МОИ «Суғд» ҳусни оғоз бахшид

Имрӯз президенти Тоҷикистон ба кори намоишгоҳи саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳусни оғоз бахшид. Дар намоишгоҳ маҳсулоти 26 корхонаи саноатии вилоят, аз ҷумла 3 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маърази тамошо гузошта шуд. Бо иштироки сарвари давлат дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд се субъекти нав – корхонаи туркии истеҳсоли ранги «Силкоатбойя», корхонаи истеҳсоли […]

Мавлуда Рафиева


Имрӯз президенти Тоҷикистон ба кори намоишгоҳи саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳусни оғоз бахшид.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти 26 корхонаи саноатии вилоят, аз ҷумла 3 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маърази тамошо гузошта шуд.

Бо иштироки сарвари давлат дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд се субъекти нав – корхонаи туркии истеҳсоли ранги «Силкоатбойя», корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии гуногунҳаҷми «Стар пласт» ва корхонаи истеҳсоли тирезаву дарҳои пластикии «Равзана» мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, дар семоҳаи аввал дар минтақа ба маблағи беш аз 3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми сармоягузории ҷалбшуда дар ин давра 1,75 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар семоҳаи аввал ҳайати расмии маъмурияти кишвари Олтойи Русия, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ аз қабили Барономаи рушди СММ, САҲА, Hilfswerk Austria International ва ҳамчунин сафири Нидерланд дар Тоҷикистон аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.