Қатъи дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс»

Як қатор интернет-провайдерони Тоҷикистон дастрасӣ ба яке аз сомонаҳои писандидаи кишвар – сомонаи иттилоотии www.news.tj –ро қатъ карданд, ки ба медиа-холдинги «Азия-Плюс» мутааллиқ аст. Қатъи дастрасӣ ба сомона дар асоси мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифтааст. Тибқи маълумоти ба ОИ «Азия-Плюс» расида, имрӯз ба провайдерон бо мазмуни қатъи дастрасӣ «бо сабабҳои техникӣ ва […]

ASIA-Plus


Як қатор интернет-провайдерони Тоҷикистон дастрасӣ ба яке аз сомонаҳои писандидаи кишвар – сомонаи иттилоотии

www.news.tj

–ро қатъ карданд, ки ба медиа-холдинги «Азия-Плюс» мутааллиқ аст.

Қатъи дастрасӣ ба сомона дар асоси мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифтааст. Тибқи маълумоти ба ОИ «Азия-Плюс» расида, имрӯз ба провайдерон бо мазмуни қатъи дастрасӣ «бо сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» мактуб расидааст.

Айни замон идораи оҷонсӣ бо реҷаи муқаррарӣ машғули кор аст, зеро ба интернет-провайдери «Азия-Плюс» то ҳанӯз мактуби расмии Хадамоти алоқа нарасидааст.

Портали интернетӣ дар хориҷи кишвар ҷойгир буда, дастрасии мушатриёни дигар кишварҳо ба он боз аст. Иттилоот барои корбарони Тоҷикистон ҳамчунин дар сафҳаи мо дар Facebook

https://www.facebook.com/newstj

ҷойгир карда мешаванд.



Аз ОИ:


Айни замон вазъ тамоман норӯшан аст ва мо кӯшиш мекунем, ки сабаби онро муайян кунем. Интизори тафсилоти нав бошед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.