Ордени Фахрии Русия ба собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, феълан раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ Амирқул Азимов бо Ордени Фахрии Русия сарфароз гардонида шуд. Дар қабули тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Русия орденро ба А.Азимов сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов тақдим кард.

Фармон дар бораи сарфароз гардонидани А.Азимов бо орден моҳи апрели соли равон аз ҷониби собиқ президенти Русия Дмитрий Медведев ба имзо расида буд. Пас аз гирифтани орден, Амирқул Азимов изҳор кард, ки «ин гувоҳи эҳтиром гузоштан ба мардуми ман аст ва тасдиқ месозад, ки тавре мо бо Русия ҳамроҳ ҳастем, ҳамеша ҳамчунин боқӣ хоҳем монд».

«Дар Русия 80%-и муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ин худ як раъйпурсиест барои бо кӣ минбаъд будани Тоҷикистон, – гуфт номбурда. – Ҳеҷ мушкилот ё иғвоангезиҳои баъзе ВАО ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дӯстонаи мо халал ворид нахоҳанд сохт».

Сафири Русия ҳамчунин ба муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Вероника Чигрина ва раиси Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон Татяна Герман медалҳои ба номи Пушкинро тақдим намуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...