Ордени Фахрии Русия ба собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, феълан раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ Амирқул Азимов бо Ордени Фахрии Русия сарфароз гардонида шуд. Дар қабули тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Русия орденро ба А.Азимов сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов тақдим кард. Фармон дар бораи сарфароз гардонидани А.Азимов бо орден моҳи апрели соли равон […]

ASIA-Plus


Собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, феълан раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ Амирқул Азимов бо Ордени Фахрии Русия сарфароз гардонида шуд. Дар қабули тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Русия орденро ба А.Азимов сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов тақдим кард.

Фармон дар бораи сарфароз гардонидани А.Азимов бо орден моҳи апрели соли равон аз ҷониби собиқ президенти Русия Дмитрий Медведев ба имзо расида буд. Пас аз гирифтани орден, Амирқул Азимов изҳор кард, ки «ин гувоҳи эҳтиром гузоштан ба мардуми ман аст ва тасдиқ месозад, ки тавре мо бо Русия ҳамроҳ ҳастем, ҳамеша ҳамчунин боқӣ хоҳем монд».

«Дар Русия 80%-и муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ин худ як раъйпурсиест барои бо кӣ минбаъд будани Тоҷикистон, – гуфт номбурда. – Ҳеҷ мушкилот ё иғвоангезиҳои баъзе ВАО ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дӯстонаи мо халал ворид нахоҳанд сохт».

Сафири Русия ҳамчунин ба муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Вероника Чигрина ва раиси Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон Татяна Герман медалҳои ба номи Пушкинро тақдим намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.