Имрӯз дар Душанбе бахшида ба мавзӯи масоили мушкилоти истеъмоли нашъа ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон мизи гирд баргузор шуд. Мизи гирд аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони башардӯстонаи «СПИД Фонд Шарқ-Ғарб» (AIDS Foundation East-West, AFEW)-и Ҳолланд созмон дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии AFEW хабар доданд, чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо суистеъмоли воситаҳои нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 26-уми июн таҷлил мегардад, доир гардид. Мизи гирд дар чаҳорчӯби як лоиҳае, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд маблағгузорӣ мешавад, баргузор шуд.
Дар ҷараёни кори мизи мудаввар дар бораи вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ҳолати эпидемиологӣ оид ба ВИЧ-ангезанда миёни истеъмолгарони нашъа ва натоиҷи таҳқиқот дар бораи баҳодиҳӣ ба эҳтиёҷот ва талаботи истеъмолгарони воситаҳои нашъаовар маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба таври мухтасар киноверсияи журналистони аксбардори ҳолландӣ дар бораи хатсайри героини афғонӣ дар муддати ду даҳсолаи ахир низ пешкаш шуд.


