Конфронс дар мавзӯи низомҳои таъмини амният дар Душанбе

Бори нахуст дар Тоҷикистон таҳти унвони «Panasonic ва Сарфароз. Низоми таъмини амният ва ҳамгиройӣ» конфронси дурӯзаи амалӣ ба кор шурӯъ кард. Созмондиҳандагони конфронс ширкати дар ҷаҳон маъруфи «Panasonic» ва ширкати Тоҷикистон оид ба таъмини низомҳои амнияту бехатарӣ ҶДММ «Сарфароз» мебошанд. Panasonic Corporation – яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳон оид ба таҳияву коркард ва истеҳсоли электроникаву […]

ASIA-Plus


Бори нахуст дар Тоҷикистон таҳти унвони «Panasonic ва Сарфароз. Низоми таъмини амният ва ҳамгиройӣ» конфронси дурӯзаи амалӣ ба кор шурӯъ кард. Созмондиҳандагони конфронс ширкати дар ҷаҳон маъруфи «Panasonic» ва ширкати Тоҷикистон оид ба таъмини низомҳои амнияту бехатарӣ ҶДММ «Сарфароз» мебошанд.

Panasonic Corporation – яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳон оид ба таҳияву коркард ва истеҳсоли электроникаву таҷҳизоти электронӣ барои доираи васеи истеъмолгарон, тиҷорат ва саноат аст. Аз соли 1957 ширкат ба истеҳсоли низомҳои мушоҳидаи видеойӣ ҷиҳати таъмини бехатарии иншооту соҳаҳо оғоз намуд. Ширкат маҷмӯи васеи чунин таҷҳизот ва низомҳои бехатарӣ аз сӯхторро пешниҳод мекунад. Ширкати Panasonic Corporation шарики умумиҷаҳонии Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Ширкати ҶДММ «Сарфароз» соли 2009 таъсис дода шуда, яке аз ширкатҳои нахустини Тоҷикистон оид ба ҷорисозии низомҳои беҳтарини таъмини амнияту бехатарии иншооти шахсӣ, идора ва коргоҳҳои истеҳсолӣ гардид. Ширкати мазкур соли 2011 намояндаи расмии Panasonic дар Тоҷикистон шуд.

Дар доираи кори конфронс масоили ҷанбаҳои умумии таъмини амнияту бехатарии корхонаҳо: IP технологияҳои навтарин барои таъмини амният, роҳҳои ҳалли мушкилот дар лоиҳаҳои Panasonic, ширкати «Сарфароз» – ҳамгиройи технологияҳои навтарини низоми таъмини амният дар бозори Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.