Дар Душанбе масоили мушкилоти истеъмоли нашъа баррасӣ шуд

Имрӯз дар Душанбе бахшида ба мавзӯи масоили мушкилоти истеъмоли нашъа ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон мизи гирд баргузор шуд. Мизи гирд аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони башардӯстонаи «СПИД Фонд Шарқ-Ғарб» (AIDS Foundation East-West, AFEW)-и Ҳолланд созмон дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии AFEW хабар […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Душанбе бахшида ба мавзӯи масоили мушкилоти истеъмоли нашъа ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон мизи гирд баргузор шуд. Мизи гирд аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони башардӯстонаи «СПИД Фонд Шарқ-Ғарб» (AIDS Foundation East-West, AFEW)-и Ҳолланд созмон дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии AFEW хабар доданд, чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо суистеъмоли воситаҳои нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 26-уми июн таҷлил мегардад, доир гардид. Мизи гирд дар чаҳорчӯби як лоиҳае, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд маблағгузорӣ мешавад, баргузор шуд.

Дар ҷараёни кори мизи мудаввар дар бораи вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ҳолати эпидемиологӣ оид ба ВИЧ-ангезанда миёни истеъмолгарони нашъа ва натоиҷи таҳқиқот дар бораи баҳодиҳӣ ба эҳтиёҷот ва талаботи истеъмолгарони воситаҳои нашъаовар маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба таври мухтасар киноверсияи журналистони аксбардори ҳолландӣ дар бораи хатсайри героини афғонӣ дар муддати ду даҳсолаи ахир низ пешкаш шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.