Иштироки Зарифӣ дар конфронcи минтақавӣ оид ба Афғонистон

Рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Кобул Конфронс оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» доир гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид. Зимни суханронӣ дар конфронси мазкур Ҳамрохон Зарифӣ чораҳои андешидаи коршиносон оид ба таҳкими эътимодро қаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр кард, […]

ASIA-Plus


Рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Кобул Конфронс оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» доир гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид.

Зимни суханронӣ дар конфронси мазкур Ҳамрохон Зарифӣ чораҳои андешидаи коршиносон оид ба таҳкими эътимодро қаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ба масоили таҳкими ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Дар баробари ин қайд гардид, ки ҳалли мушкилоти Афғонистон ва барқарор кардани сулҳу субот дар ин кишвар танҳо тавассути истифодаи методҳои қудрату зӯроварӣ кофӣ нест ва бештар мебояд ба ҷанбаҳои иқтисодии ҳалли мушкилот рӯ овард.

Дар робита ба ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Конфронси 5-уми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон дар моҳи марти соли равон ёдовар шуда, зикр кард, ки дар он доир ба рушди зербино, аз ҷумла бахшҳои энергетикаву нақлиёт  як қатор лоиҳаҳо пешниҳод гардида буданд.

Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ таъсиси Маркази минтақавии гуногунҷабҳаи омодасозии кадрҳо барои бахшҳои гуногуни Афғонистонро муҳим арзёбӣ намуд. Дар фарҷом Ҳ.Зарифӣ муҳим будани амалисозии лоиҳаҳои зикршударо таъкид сохта, аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо ширкат варзида, онҳоро дастгирӣ кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.